- Муомилот бо партов, Хабарҳо

Шанбегии умумишаҳрӣ дар шаҳри Истаравшан

Бо мақсади  сазовор  истиқбол  гирифтани ҷашни  30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тозаву обод намудани муҳити зист дар шаҳри Истаравшан шанбегии умумишаҳрӣ доир гардид. Дар он соҳибкорон, намояндагони корхонаву  ташкилотҳо, муассисаҳои таълимӣ, беморхонаҳои  марказӣ ва хусусӣ, аҳолии  ҷамоатҳои  деҳот,  ҳамагӣ 520 нафар иштирок доштанд.  Дар рафти шанбегӣ  канори ҷуйборҳои обгузари дохили шаҳр ба масоҳати 2,1 км ва кӯчаҳои протоколии хиёбони Исмоили Сомонӣ ва Истиқлол, ҳудуди биноҳои маъмурии назди корхонаву ташкилотҳо тоза карда шуда, 6,6 т партовҳо ба партовгоҳи шаҳр бароварда шуд. Корҳо  дар ин самт мунтазам идома доранд.  

Иловаи шарҳ