- Хабарҳо

Фаъолияти сохторҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 то 15 марти соли 2019

Натиҷаҳои фаъолияти сохторҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳафтаи сипаришуда нишон дод, ки дар давоми ҳафта аз ҷониби Кумита ва сохторҳои он, дар маҷмӯъ 144 амалиётҳои назоратӣ гузаронида шуданд, ки аз он 32 санҷишҳои нақшавӣ, 8  адад ғайринақшавӣ  ва 1 адад санҷиши такрориро ташкил медиҳад.

Барои риоя накардани талаботи қонунгузорӣ 296 пешниҳодҳои иҷроияшон ҳатмӣ дода шуда, 190 адади онҳо ё 80 фоиз иҷро гардидааст.

Барои риоя накардани меъёру стандартҳои экологӣ ва қонунвайронкунӣ ба 1329 нафар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба маблағи 33,8 ҳазор сомонӣ ҷарима баста шуда, аз он 22,2  ҳазор сомонӣ рӯёнида шудааст.

Инчунин, 78 ҳолати дағалона вайрон кардани меъёру стандартҳои экологӣ ва талаботи қонунгузории соҳаи ҳифзи муҳити зист ошкор карда шуда, ба маблағи 12,6 ҳазор сомонӣ зарар муайян гардид ва аз он 6,1 ҳазор сомонӣ рӯёнида шуд.

Фаъолияти мунтазами назорати давлатӣ дар самти бастану ситонидани маблағи ҷаримаю зарарҳо бинобар таъмини Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ” дар Раёсатҳои, вилоятҳои Хатлон, Суғд ва шуъбаю бахшҳои ҳифзи муҳити зисти ноҳияҳои Шаҳринав, Ваҳдат, Турсунзода,  Рашт хуб ба роҳ монда шудааст.

Таҳлили фаъолияти додани иҷозатҳо ва иҷозатномаҳо дар шуъбаҳои назорати давлатӣ нишон дод, ки аз тарафи Шуъбаи назорати давлатӣ ҳифз ва истифодаи ҳавои атмосфера 7 адад иҷозати партови имконпазири моддаҳои зарарнок ба ҳавои атмосфера, аз тарафи Шуъбаи назорати давлатӣ ҳифз ва истифодаи замин ва муомилот бо партовҳо ва Шуъбаи назорати давлатӣ ҳифз ва истифодаи сарватҳои об ягон адад иҷозат дода нашуда, аз тарафи Экспертизаи давлати экологӣ бошад, 29 хулосаи экспертӣ дода шудааст.

Дастгоҳи марказии Кумита ва мақомоти зерсохтори он ҷиҳати таъмини иҷрои супориши Протоколи № 8-и маҷлиси ҳарҳафтаинаи Раиси Кумита оид ба масъалаҳои ҷорӣ аз 11 марти соли 2019 корҳои муайянеро амалӣ намуданд.

Дар асоси маълумотҳои пешниҳодкардаи раёсат, шуъба ва бахшҳои ҳифзи муҳити зисти вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо то 15 марти  соли 2019 ба миқдори 826 ҳазору 546 бех навниҳолон аз он ҷумла: 389 ҳазору 237 бех сояафкан, 358 ҳазору 428 бех ҳамешасабзу ороишӣ, 78 ҳазору 881 бех мевадиҳанда, 3 миллиону 579 ҳазору 161 адад  гулу буттаҳо ва 79 ҳазору 336 дона қаламча, инчунин 35 га боғҳои куҳна барқарор карда шуда, 183,5 ҳазор  га боғҳои нав бунёд карда шудааст.

Аз тарафи шуъбаи олами наботот ва ҳайвонот лоиҳаи Фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷудо намудани ҳиссаи (квотаи) ҷамъоварии решаи ширинбия ба миқдори 2000 тонна ва шираи камоли бадбӯй ба миқдори 185 тонна» таҳия карда, бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Дар сохторҳои дигари зертобеи Кумита кору фаъолият мувофиқи нақшаҳои кории  тасдиқгардидаи онҳо  ба роҳ монда шудааст.

Дар  давоми ҳафтаи сипаришуда ба Кумита 145 адад мактубу ҳуҷҷатҳо, аз ҷумла, Амру Фармонҳои Презеденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору Фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нусха аз протоколҳои маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, барқияҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мактубҳо аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мактубҳо аз вазорату идораҳо, аз ташкилоти хориҷӣ, сохторҳои тобеи Кумита, аризаю дархостҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ворид гардида, сари вақт баррасӣ гардиданд.

Раёсати мониторинг ва сиёсати экологӣ

Иловаи шарҳ