- Хабарҳо

Ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба фаъолитяти Раёсати ҳифзи муҳити зисти ВМКБ дар нимсолаи аввали соли 2020

6 июли соли ҷорӣ бо иштироки Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баходур Аҳмадҷон ҷаласа оид ба ҷамъбасти фаъолияти нимсолаи аввали соли 2020 баргузор гардид. Дар ҷаласа сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти ВМКБ Назаралиев М. оид ба фаъолияти шашмоҳаи аввали соли 2020 ҳисобот дод. Зимни ироаи ҳисобот қайд гардид, ки дар ин давра асосан ба анҷом додани корҳои ободонӣ, тозагии маҳаллаҳо ва соҳили дарёҳо диққати ҷиддӣ дода шуда, ба Раёсат зиёда аз 168 ҳуҷҷат, 14 адад арзу шикоятҳо дохил шуда, ба ҳамаи ҳуҷҷатҳои ворида ва арзу шикоятҳо дар муҳлати муқарраршуда ҷавоб гардонда шуд.

Ҳамзамон, вобаста ба фаъолияти сохторҳои ҳифзи муҳити зисти маҳаллии ВМКБ қайд гардид, ки Раёсат, шуъбаҳо ва бахшҳои ноҳиявӣ ва шаҳрӣ дар шаш моҳи соли ҷорӣ ҳолати экологии 616 объектҳоро санҷида, аз ин 60 ададаш санҷишҳои нақшавӣ ва 556 адади дигар амалиётҳои санҷишӣ буда, барои бартараф намудани камбудиҳо 1112 супоришҳои мушаххас дода шудааст. Дар ташкилоту корхонаҳои давлатию ғайридавлатӣ, хоҷагиҳо ва шахсони алоҳида ҷиҳати қонуншиканиҳо дар соҳаи ҳифзи муҳити зист 172 нафар ҷаримабандӣ шудааст.

Дар қисмати дигари ҷаласа масъалаҳои ҷорӣ, аз қабили бартараф намудани мушкилоти экологии ҷойдоштаи шаҳру ноҳияҳои вилоят, тозагии муҳити зист, таъмини амнияти экологии сокинон, дар сатҳи зарурӣ роҳандозӣ намудани назорати давлатӣ ва дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Қайд гардид, ки ҷиҳати ҷамъбасти сазовори фаъолияти 9 моҳа ва солонаи соли 2020 аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода намуда, ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил бояд гашт.

Иловаи шарҳ