- Хабарҳо

Корҳои ободонӣ дар ноҳияи Мастчоҳи Куҳӣ

Баҳри истиқболи ҷашнҳои дарпешистода, аз ҷумла Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳифзи муҳити зисти ноҳия чорабиниҳои экологӣ  баргузор гашта истодаанд, ки ба ин васила  тозагии муҳити зист ва сабзу хуррамгардонии ҷойҳо таъмин карда мешавад.

Чунин тадбири экологӣ рӯзи гузашта аз ҷониби бахши ҳифзи муҳити зисти Кӯҳистони Мастчоҳ низ роҳандозӣ гардид. Дар чорабинии мазкур сокинони ноҳия ва кормандони касбу кори гуногун фаъолона иштирок намуда, ба корҳои ободонию солимгардонии муҳити зист, ба тартиб овардани кӯчаву хиёбонҳо, роҳҳо ва дигар маҳалҳои аҳолинишин машғул гардиданд.

Иловаи шарҳ