- Муомилот бо партов, Хабарҳо

Аксияи навбатии экологӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

Тибқи нақшаи чорабиниҳо оид ба ташкил ва баргузории аксияи «Тозагии маҳал-2020», ки дар асоси фармоиши Раиси Кумита ҳамасола роҳандозӣ мегардад, 22 июн, дар доираи омодагиҳо ба Рӯзи ваҳдати миллӣ, дар ҷамоати деҳоти Иттифоқ, Бустон ва Сулаймонии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо иқдоми шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия аксияи экологӣ баргузор карда шуд. Дар аксияи мазкур зиёда аз 40 нафар  кормандон иштирок намуда, бо як адад техника зиёда аз 100м ва 14 куб ду тарафи ҷуйбори обгузар, ки пур аз партовҳои бесоҳиб буд, ба партовгоҳи доимӣ бароварда, безарар гардонида шуд.

Корҳо оид ба пешбурди назорати давлатӣ ҷиҳати солим нигоҳ доштани муҳити зист ва  ободонию сабзгардонӣ дар мадди назари бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия қарор дорад.

Иловаи шарҳ