- Муомилот бо партов, Хабарҳо

Аксияи навбатии экологӣ дар шаҳри Ваҳдат

Тибқи нақшаи чорабиниҳо оид ба ташкил ва баргузории аксияи «Тозагии маҳал-2020», ки дар асоси фармоиши Раиси Кумита мунтазам роҳандозӣ мегардад, ҳафтаи равон, дар доираи омодагиҳо ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ, дар шаҳри Ваҳдат бо иқдоми шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри мавриди назар чунин аксияи экологӣ баргузор карда шуд.   Дар аксияи мазкур 354 нафар сокинон бо шумули кормандони касбу кори гуногун иштирок намуда, зиёда аз 17м3 партовҳо ба тариқи  техникаҳои боркаш бароварда шуда, дар партовгоҳи расмии шаҳрӣ ҷойгир кунонида шуданд.   

Корҳо оид ба пешбурди назорати давлатӣ ҷиҳати солим нигоҳ доштани муҳити зист ва  ободонию сабзгардонӣ дар шаҳри Ваҳдат дар мадди назари шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр қарор доранд.

Иловаи шарҳ