- Хабарҳо

Вусъати ҳашарҳои дастҷамъона дар Хуҷанд

Аз тарафи шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд бо мақсади истиқболи сазовори ҷашнҳои Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамарӯза корҳои ободонию созандагӣ дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд  вусъати тоза  касб мекунад.

Дар ин росто ҳар ҳафта рӯзҳои истироҳат  дар тамоми маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд  гузаронидани ҳашарҳои дастҷамъона ба ҳукми анъана даромадааст. Дар рӯзҳои истироҳатӣ сокинони маҳаллаҳо ва кормандони идораву ташкилоту муассисаҳо ба ҳашар баромада, барои  тозаву озода нигоҳ доштани кӯчаву хиёбон ва маҳалли зисти худ корҳои назаррасро ба анҷом  мерасонанд.

Аз ҷумла, дар шоҳроҳи Душанбе–Чаноқ, минтақаи хиёбони Истиқлол  чунин ҳашари дастҷамъона   гузаронида шуда, заминҳои шафати роҳи мазкур аз алафҳои бегона ва партовҳо тоза карда шуданд.

Аҳолии маҳаллаи шарқии шаҳр низ якҷоя баҳри ободу хуррамнамоии ҳудуди маҳаллаашон саҳмгузорӣ намуданд.

Иловаи шарҳ