- Навидҳои муҳим, Хабарҳо

Дар маҷлиси ҳарҳафтаинаи Раиси Кумита

22 июни  соли 2020 маҷлиси навбатии ҳарҳафтаинаи Раиси Кумита баргузор гардид. Дар маҷлис раиси Кумита, муовинони раис, сардорон ва дигар масъулони раёсатҳо, шуъбаю бахшҳо, марказҳои Дастгоҳи марказии Кумита, Агентии обуҳавошиносӣ, МД «Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда» иштирок намуданд.

Тибқи тартиби кории маҷлис оид ба натиҷагирии фаъолияти ҳафтаи аз 15 то 19 июни соли 2020-и сохторҳои тобеи Кумита  дар ҷойҳо ва рафти иҷрои супоришҳои протоколии маҷлиси ҳафтаи қаблии раиси Кумита, сардори Раёсати мониторинг ва сиёсати экологии Кумита Ҷӯраев А. Ш. ҳисобот дод.

Сипас, Раиси Кумита фаъолияти ҳафтаи сипаригардидаи сохторҳои соҳавиро натиҷагирӣ намуда, барои ҳафтаи аз 22-26 июни соли ҷорӣ ба масъулини иҷро супоришҳои мушаххас дод.

Дар охир  қарори дахлдори маҷлиси ҳафтаинаи Раиси Кумита қабул карда шуд ва протоколи он барои корбарӣ ва чораҷӯӣ ба мақомоти тобеи Кумита фиристода мешавад.  

Иловаи шарҳ