- Набототу ҳайвонот, Хабарҳо

Ҳолати сабзиши навниҳолон ва гулу буттаҳо зери таваҷҷӯҳи ситоди доимамалкунанда дар шаҳри Турсунзода қарор дорад

Имрӯзҳо дар шаҳри Турсунзода ситоди кабудизоркунии доимамалкунанда  фаъолият намуда, баҳри пешгирӣ аз хушкшавии дарахтони ҳамешасабз, ороишӣ, гулҳои садбаргу дигар намудҳои мавсимӣ дар ҳудуди шаҳр ва шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода ҳамарӯза шабонгоҳ бо навбат обмонӣ ва  нармкунии дарахтон  тавассути насосҳои обкашӣ  ҳамарӯза рафта истодааст. Рафти корҳои ободонӣ  зери назорати доимии шуъба қарор дорад.

Ҳамзамон дар вақти  пешбурди корҳои агротехникӣ дар минтақаҳои вабасташуда оид ба риояи гигиенаи шахсӣ, фосилагирии иҷтимоӣ дар масофаи муайян ҳангоми фаъолият кардан баҳри пешгирии бемориҳои сироятӣ корҳои фахмонидадиҳӣ гузаронида шуда истодааст.

Обмонии ниҳолон, тозанамудан аз алафҳо, ҳафтае се маротиба гузаронида мешавад.

Иловаи шарҳ