- Хабарҳо, Ҳавои атмосферӣ

Чорабинии муштарак бо милитсияи экологӣ дар Нуробод

15 майи соли ҷорӣ бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Нуробод тибқи нақшаи кории худ барои нимсолаи якуми соли 2020 дар ҳудуди ноҳия якҷоя бо милитсияи экологӣ санҷиши таҳлилӣ -аналитикӣ гузарониданд. Мақсади чорабинии мазкур ин беҳтар намудани вазъи ифлосшавии ҳавои атмосфера ва пурзӯр намудани назорати давлатӣ оид ба кам кардани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера аз ҳисоби воситаҳои нақлиёти ҷаъмиятиву шахсӣ мебошад.

Дар рафти санҷиши муштарак доир ба фаъолияти 6 нафар ронандагони воситаҳои нақлиёти гуногун маводҳои зарурӣ тартиб дода шуд. Масъалаи мазкур зери назорати доимии масъулини мақомоти соҳавии маҳаллӣ қарор дорад.

Иловаи шарҳ