- Хабарҳо

Корҳои профилактикӣ дар шаҳри Бӯстон

Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ корҳои ободонию созандагӣ бомаром идома дорад. Бо ин мақсад тибқи накшаи чорабиниҳои бахши ҳифзи муҳити зисти ш.Бӯстон дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон дар як қатор мавзеъҳои кабудизори шаҳр, кӯчаву хиёбонҳо ва боғи истироҳатии шаҳр, бо истифодаи техникаи махсус корҳои профилактикӣ гузаронида шуд.

Бояд қайд кард, ки ҳангоми азназаргузаронии мавзеъҳои кабудизори шаҳр ҳодисаҳои ба касалӣ гирифтор шудани ниҳолҳо ва дарахтон мушоҳида гардид, ки ин боиси рехтани баргҳои дарахтон ва хушкшавии онҳо гардида, ба ҳолати экологӣ ва эстетикӣ таъсири манфӣ расонид. Ба сохторҳои масъул тавсия дода шуд, ки бо мақсади тезтар барқарор кардани дарахтони касал онҳо бояд бо маводҳои иловагии ғизоӣ таъмин карда шуда, обмонии дарахтон ва ниҳолҳо мунтазам ба роҳ монда шавад.

Тибқи тавсияи дарахтшиносон (дендрологҳо) корҳои профилактикӣ ҳар 20-25 рӯз гузаронида мешавад.

Иловаи шарҳ