- Обуҳавошиносӣ, Хабарҳо

Гузаронидани аксияи «Тозагии соҳил» дар ноҳияи Роштқалъа

Санаи 13 июни соли ҷорӣ бо иқдоми Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ, дар якҷоягӣ бо сокинони деҳаи Парзуҷ, ки шумораи иштирокдорон 15 нафарро ташкил мекард, дар ҷамоати деҳоти Мирсаид Миршакар, аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд.

Дар аксияи мазкур аз ҳудуди соҳили дарёи  Шоҳдара дар масофаи 2,5 км партовҳои сахти маишӣ ва истеъмолӣ дар ҳаҷми 1,5 м3 ҷамъоварӣ ва бароварда шуд.

Чунин аксияҳои экологӣ ҳар ҳафта гузаронида шуда, ба ин восита амнияти экологии сокинон таъмин мегардад.

Иловаи шарҳ