- Хабарҳо

Вохӯрӣ дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд

13 феврали соли равон баҳри татбиқи нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» дар маркази бозомӯзии раёсат дар шаҳри Гулистон вохӯрии сармутахассиси Раёсати ҳифзи муҳити зист вилояти Суғд Саидов Х., бо намояндагони соҳаи маориф, омӯзгорони фанни экология ва биологияи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр, раисони ҷамоати шаҳрак ва раисони кумитаҳои маҳаллӣ баргузор гардид.

Аз тарафи намояндаи раёсат оид ба нуқтаҳои Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба соҳаи ҳифзи муҳити зист, дар бораи маърифати экологӣ ва дигар масъалаҳои самтҳои гуногуни ҳифзи муҳити зист баромад карда шуд. Ҳангоми саволу ҷавоб аз тарафи омӯзгорони мактаби ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон ва худи раиси ҷамоат оид ба насби лавҳаҳои огоҳикунанда ҷиҳати партофтани партовҳо дар ҷойҳои ғайрирасмӣ ва дигар саволҳои додашуда, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд. 

Ҳамзамон, бо мақсади бархурдор шудан ва омӯхтани ҷабҳаҳои гуногуни олами набототу ҳайвоноти нодири кишварамон ба китобхонаи шуъбаи маорифи шаҳри Гулистон ду ҷилд Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва дигар маводҳои экологӣ тақдим карда шуд.

Иловаи шарҳ