- Набототу ҳайвонот, Хабарҳо

Бунёди боғи фарҳангӣ дар ноҳияи Мастчоҳ

Дар боғи фарҳангии навбунёди ноҳияи Мастчоҳ дар доираи баргузории чорабиниҳои омодагӣ ба ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ корҳои ободонию кабудизоркунӣ амалӣ гардид. Бо иштироки кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, хонаи фарҳанг, ташкилоту муассиса ва истиқоматкунандагони шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ, дар маҷмӯъ беш аз 200 нафар, 100 бех ниҳоли дарахти ҳамешасабзи кипарис ва 100 бех гулбуттаи ороишӣ (юка), ки аз ҷониби бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия дастрас гардидааст, шинонида шуд.

Сабзу хуррам ва зебогардонии боғи мазкур марҳила ба марҳила то рӯзи ҷашн идома ёфта, дар оянда симои маркази ноҳияро дигаргун хоҳад намуд.

Иловаи шарҳ