- Муомилот бо партов, Обуҳавошиносӣ, Хабарҳо

Аксияи «Тозагии маҳал» ва «Тозагии соҳил» дар ноҳияи Панҷ

Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ барои тозаву озода нигоҳ доштани муҳити солими ноҳия, кӯчаву маҳаллаҳо ва бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 23-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҷамоати шаҳраки ноҳия кормандони ташкилоту муассисаҳо ва аҳолии шаҳрак ба ҳашар баромада, канори ҷӯйборҳо ва новаҳои обгузарро дар кӯчаҳои Абӯадбдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ ва 50-солагии Қушунҳои сарҳадӣ аз партовҳо тоза намудаанд. Атрофи дарахтон ва гулҳо низ аз ҳар гуна алафҳои бегона тоза карда шуданд.

Дар ин ҳашари дастаҷамъона зиёда аз 4 м3 партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ ҷамъоварӣ ва тавассути техника ба партовгоҳи расмии ноҳия интиқол дода шуд.

Иловаи шарҳ