- Обуҳавошиносӣ, Хабарҳо

Аксияи «Тозагии соҳил» дар соҳили дарёи Вахши шаҳри Норак

Санаи 13-уми июни соли ҷорӣ баҳри беталаф баровардани моҳиён аз мавсими тухмгузорӣ, корҳои биотехникӣ ташкил гардида, ба кӯлу дарёҳои ҳудуди шаҳри Норак ба миқдори 200 кг хӯроки махсусгардонидашуда ва 200 кг юнучқаи тару тоза тавассути 7 адад қаиқҳои шиноварӣ ва хӯрокаҳо дар тамоми ҳудуди ҳавза пошида шуд. Ин амали биотехникӣ бо ҷалби 130 нафар истиқоматкунандагони ҷамоатҳои деҳот, ташкилоту муассисаҳо ва дустдорони табиати  шаҳри Норак анҷом дода шуд.

Ҳамзамон дар соҳили дарёи Вахш аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд, ки дар он беш 1700 метр соҳили дарё аз партовҳои пластикӣ ва сахти маишӣ тоза гардида, 3м3 партовҳои  ҷамъовардашуда ба партовгоҳҳои расмӣ интиқол дода шуданд.

Ҳамчунин аз тарафи мутахассисони бахш дар муассисаҳои таълимӣ ва ҷамоатҳои деҳоти шаҳр бо шаҳрвандон оид ба муҳимияти ҳифзи дарё, сифати об, беҳдошти муҳити зист, пешгирӣ аз эрозия ва биёбоншавӣ, ҳифзи захираҳои моҳӣ бо мақсади ноил шудан ба муҳити солим, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва суҳбату вохӯриҳо гузаронида шуд.

Иловаи шарҳ