- Навидҳои муҳим, Хабарҳо

Вохӯрии Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист бо хонум Пратибха Мехта, намояндаи доимии Барномаи рушди СММ (БРСММ) дар Тоҷикистон

Рӯзи 11 июни соли 2020 вохӯрии Раиси Кумита муҳтарам Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон бо хонум Пратибха Мехта намояндаи доимии Барномаи рушди СММ (БРСММ) дар Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳо оид ба ҳамкориҳои Кумита бо БРСММ дар самти идораи устувори захираҳои табиӣ, пешбурди ҳадафҳои рушди устувор, тағйирёбии иқлим, партовиши моддаҳо ба ҳавои атмосфера, амалӣ намудани лоиҳаҳои муштарак дар самти идоракунӣ ва коркарди партовҳои тиббӣ ва хатарнок мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар вохӯрӣ Раиси Кумита муҳтарам Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон ва Пратибха Мехта Созишномаро оид ба ҳамкорӣ дар самти амалисозии лоиҳаи «Муносибати маҷмӯии ландшафтӣ барои беҳтар кардани мутобиқшавӣ ба тағирёбии иқлим дар байни хоҷагиҳои хурди фермерӣ ва чорводорӣ дар Тоҷикистон» барои солҳои 2020-2025, ки амалишавии лоиҳа дар ноҳияҳои Файзобод, Варзоб, Ваҳдат, Н.Хисрав, Шаҳритуз ва Қабодиён ба нақша гирифта шудааст, ба имзо расониданд.

Вобаста ба масъалаҳои баррасишуда Раиси Кумита диққати намояндаи доимии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳидро ба таҳким бахшидан ба раванди ҳамкориҳо дар ҳалли мушкилотҳои мавҷудаи соҳаи ҳифзи муҳити зист ва истифодаи таҷрибаи кишварҳои пешрафта дар амалисозии лоиҳаҳо ҷалб намуданд.

Вохӯрӣ дар фазои якдигарфаҳмӣ баргузор гардида, тарафҳо роҷеъ ба ҳама масъалаҳои баррасигардида ба мувофиқа расиданд.

Иловаи шарҳ