- Муомилот бо партов, Хабарҳо

Қуттиҳои партов безарар гардонида мешаванд

Шубаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд баҳри пешгирии ифлосшавии муҳити зист ва пешгирии паҳншавии бемории сироятӣ ҳамарӯза назорати давлатӣ мебарад.

КВДК «Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд» муассисаи коммуналии шаҳр ба ҳисоб рафта, барои бардоштан, кашонидан ва гӯронидани партовҳои сахти маишии шаҳри Хуҷанд, фаъолият мебарад.

Корхонаи мазкур бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии короновируси нави COVID-19 ва таъмини солимии шаҳрвандону мизоҷонашон ҳамарӯза дар нуқтаҳои партовҷамъкунӣ корҳои безараргардониро анҷом медиҳанд. Ҳадаф аз ин чорабиниҳо ҷилавгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва беҳбуд бахшидан ба вазъи экологии шаҳр мебошад.

Коргоҳ реҷаи кори худро дар 3 баст ба роҳ монда, аз ҳудуди шаҳр партовҳоро ба партовгоҳи шаҳри Хуҷанд мекашонад.

Ҳамарӯза партов тибқи реҷаи муайян, яъне басти аввал: аз соатҳои 5:00 то 12:00, басти дуюм бо усули бонгӣ, яъне дар дохили маҳаллаҳое, ки партовҷойи муайян надоранд соатҳои 8:00 то 17:00 ва басти сеюм аз 17:00 то 24: 00 муқаррар шуда, дар ин замонҳо партовҳо бароварда мешаванд.

Бо вуҷуди мушкилоти пешомада, КВДК «Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд» ҳамарӯза дар хизмати шаҳрвандон ва идораву ташкилотҳои шаҳр қарор дошта, дар самти тозаву озода ва ороста нигоҳ доштани шаҳри бостонии Хуҷанд аз тамоми василаҳо истифода менамоянд.

Иловаи шарҳ