- Набототу ҳайвонот, Хабарҳо

Амалёти ҳифзи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмгузории соли 2020

Дар асоси фармоишҳои Раиси Кумита ва сардори Раёсат «Оид ба амалӣ гардонидани чорабиниҳои ҳифзкунандаи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмгузории соли 2020» аз ҷониби Ситоди Раёсат ва гурӯҳҳои корӣ амалиётҳои фаврӣ дар ҳавзаи дарёи Сир ва обанборҳои вилояти Суғд гузаронида шуда истодааст.

Дар давоми ҳафтаи охир аз тарафи нозирони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд якҷоя бо нозирони бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Конибодом дар болооби обанбори Баҳри Тоҷик, минтақаи Маҳрам, амалиёти фаврии муштарак гузаронида шуд. Дар натиҷаи амалиёти шабонарӯзӣ шахсони ба қонунвайронкунӣ роҳ дода ошкор гардида, дар маҷмӯъ 50 адад тӯр бо дарозии умумии 4 километр, 75 адад моҳии ғайриқонунӣ сайд шуда (суфмоҳӣ ва ғайра), 2 адад либоси махсуси резинӣ, 1 насоси қаиқи резинӣ ва 1 адад чангаки калони тӯрбардорӣ мусодира карда шуд. Маводи тартиб дода ба мақомоти прокуратура барои дида баромадани амалҳои ҷиноятӣ пешниҳод гардид.

Ёдовар мешвем, ки тибқи фармоиш манъи сайди моҳӣ дар давраи тухмгузории соли 2020 бо мақсади муҳофизат ва нигаҳдории онҳо, фароҳам овардани шароит ба рафти афзоиши табиӣ то 15 июни соли равон идома меёбад.  

Иловаи шарҳ