- Навидҳои муҳим, Хабарҳо

Тағйироти кадрӣ дар Кумита

8 июни соли 2020 тибқи фармону амрҳо ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  тағйироти кадрӣ дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тибқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ гардид. Абдураҳмонзода Саидумрон Назар бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардид. Муовини дигари Раиси Кумита Назарзода Заррина Махсум бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи ишғолнамудаи худ озод карда шуд. Бар асоси қарорҳои дигари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлодод Абдулқодир ва Қиёмзода Зарафо муовинони Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд.

Ҳамзамон, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Расулзода Ҳ. аз вазифаи директори Агентии обуҳавошиносии Кумита  озод гардида, Дӯстзода Диловаршоҳ ба вазифаи директори Агентии обуҳавошиносӣ таъин карда шуд.

Қарори Ҳукумати Ҷумҳуриии Тоҷикистонро дар робита ба тағйироти кадрӣ дар Кумита муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ қироат карда, ҳамзамон ба муовинони собиқи Раиси Кумита барои фаъолияти пурмаҳсулашон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист арзи сипосу миннатдорӣ баён намуд.

Иловаи шарҳ