- Хабарҳо

Аз ҷараёни корҳои ободонӣ ва биотехникӣ дар шаҳри Кӯлоб

Бо мақсади беҳбуд бахшидан ба вазъи экологии маҳаллаҳо ва тоза намудани роҳҳо аз партовҳои истеҳсолӣ ва истъмолӣ бо ташаббуси шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Кӯлоб рӯзҳои 9-10 феврали соли 2019 дар шаҳр ва деҳҳоти атрофи Кӯлобшаҳр аксияи “Тозагии маҳал” баргузор гардид. Дар аксия намояндагони  ташкилотҳои гуногуни давлатӣ ва муассисаҳои таълимӣ иштирок намуданд.

Қобили зикр аст, ки аз аввали соли ҷорӣ як қатор корҳои ободонӣ бо саъю талоши шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ш. Кӯлоб доир карда шуд. Аз ҷумла, рӯзҳои 2 — 3 -юми январи соли ҷорӣ дар мавзеи сойи Тебалай аксияи “Тозагии соҳил” гузаронида шуд.

Дар баргузории аксияи мазкур кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Кӯлоб, муассисаи давлатии «Хоҷагии комунали»-и назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва бахши ҷавонон, дар маҷмуъ беш аз 375 нафар фаъолона иштирок намуданд. Иштирокчиёни аксия сойи Тебалайро аз назди пули калони маркази савдои “Бадахшон” то назди пули масҷиди ба номи Имоми Аъзами шаҳр ба масофаи 15 метри мукааб аз партовҳо тоза карданд.

Кормандону мутахассисони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Кӯлоб дар асоси накша чорабинии тасдиқгардида бо мақсади гузаронидани корҳои биотехникӣ ва талаф наёфтани паррандагони нодир дар сармои фасли зимистон рӯзи 6 — уми феврал дар мавзеи Чаманзори ҳудуди шаҳр ба миқдори 250 кг гандум пошиданд.

Иловаи шарҳ