- Хабарҳо

Вохӯрӣ бо маорифчиёни ноҳияи Зафаробод

5 феврали соли равон тибқи нақшаи пешбинигардида ва баҳри татбиқи нақшаи чорабиниҳои Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020 дар муассисаи таълимии миёнаи умумии №22 ноҳияи Зафаробод вохӯрии сармутахассиси раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд  Саидов Х., бо намояндагони соҳаи маориф, бахусус омӯзгорони фанни экология ва биологияи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия баргузор гардид.

Аз тарафи намояндаи раёсат оид ба нуқтаҳои Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба соҳаи ҳифзи муҳити зист ва дигар самтҳои гуногуни экологӣ баромад карда шуд.

Ҳамзамон, ба иштирокдорони мулоқот нашри дуюми Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардида, ба китобхонаи шуъбаи маорифи ноҳияи Зафаробод ду ҷилди китоби мазкур ва дигар маводҳои экологӣ тақдим карда шуд.

Иловаи шарҳ