- Хабарҳо

Аксияи экологӣ бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист дар шаҳри Ҳисор

Санаи 5 июни соли 2020  дар шаҳри Ҳисор бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист аксияи экологӣ гузаронида шуд. Дар аксия ба сокинон маводҳои антисептикӣ, аз қабили даспушаку ниқоб, инчунин  китобчаву буклетҳо ва дигар маводҳои зарурӣ тақсим карда  шуд.

Дар доираи чорабиниҳои мазкур ҳамзамон аксияи «Тозагии маҳал» гузаронида шуд, ки дар он доираи муайяни аҳолӣ иштирок намуда, онҳо дар тозагии муҳити зист саҳми худро гузоштанд.

Чунин корҳо баҳри беҳдошти муҳити зист ва таъмини амнияти экологии аҳолии шаҳри Ҳисор дар доираи Нақшаи чорабиниҳо оид ба баргузории Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист амалӣ гардонида шуд.

Иловаи шарҳ