- Хабарҳо

Ҷашни Садда дар шаҳри Кӯлоб

Санаи 3 феврали соли 2019 дар боғи фарҳангию фароғатии шаҳри Кӯлоб ҷашни Сада ва намоиши ниҳолҳо, тухмии зироатҳо, гулу гулбуттаҳо ва маҳсулоти кишоварзӣ таҳти унвони «Самараи умри деҳқон» баргузор гардид. Дар намоиш ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода ва раисони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб иштирок намуда, барои иштироки фаъолона ба ташкилоту идораҳои давлатӣ баҳогузорӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамаи бахшу шуъбаҳои Бозрасии хифзи мухити зисти минтақаи Кӯлоб дар ин ҷашн фаълона иштирок доштанд.

Шуъбаи ҳифзи муњити зисти шаҳри Кӯлоб иқдом гирифтааст, ки минбаъд низ дар байни қишрҳои гуногуни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ва таблиғотию ташвиқотиро дар самти баланд бардоштани маърифати экологии сокинон нисбат ба беҳдошт ва ҳифзи муҳити зист ҷоннок намояд.

Иловаи шарҳ