- Муомилот бо партов, Обуҳавошиносӣ, Хабарҳо

Аксияҳои «Тозагии маҳал» ва « Тозагии соҳил» бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳити зист

Дар аксияҳои «Тозагии маҳал» ва «Тозагии соҳил», ки дар миқёси вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳити зист ташкил ва гузаронида шуд, беш аз 15 ҳазор нафар ҷомеаҳои меҳнатии корхонаҳо, ташкилоту муассиса, хоҷагиҳо ва шаҳрвандон фаъолона иштирок намуданд. Дар рафти аксияҳо корҳои тоза намудани ҷӯйбор, заҳбуру заҳкаш – 40,5 км, тоза намудани қадди роҳҳо аз партовҳо – 31,9 км амалӣ гардида, зиёда аз 175,4 метри мукааб партовҳо ба партовгоҳҳои расмӣ бароварда шуд.

Ҳамчунин, дар доираи чорабинии мазкур тоза намудани ҳудуди маҳалҳои аҳолинишин – 18,7 ҳазор метри мураббаъ, бартараф намудани нуқтаҳои ҷойгиронии ғайрирасмии партовҳои бесоҳиб бо истифодаи техникаҳои махсуси зарурӣ, сафед намудани пояҳои дарахтон — 640 бех, сафед намудани ҳусни зоҳирии биноҳо — 4010 метри мураббаъ ва тоза намудани майдонҳо аз алафҳои бегона ва нарм намудани онҳо – 42,4 ҳазор метри мураббаъ, сафед намудани роҳгаштҳо – 1,6 км ва тоза намудани соҳилҳои манбаъҳои обӣ – 7,2 км ба иҷро расонида шуд.

Иловаи шарҳ