- Хабарҳо

КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ ДАР НОҲИЯИ ШАҲРИТУЗ

Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Шаҳритузи вилояти Хатлон бо мақсади ба роҳ мондани корҳои ободонию созандагӣ, беҳбуд бахшидан ба  вазъи экологии маҳалҳо, баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ дар якҷоягӣ бо ҷамоати шаҳраки Шаҳритуз ва КД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”, рӯзҳои 26 январ ва 2-юми феврали соли ҷорӣ бо ҷалби кормандони ташкилоту идораҳои гуногуни давлатӣ, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва аҳолӣ ҳашари умумихалқӣ гузарониданд.

Дар ҳашарҳои дастаҷамъона ҳудуди роҳҳои мошингузари ноҳия, ки дар шафати соҳили дарёи Кофарниҳон ҷойгир аст, аз ҳар гуна партовҳо ва хасу хошок тоза карда шуда, намуди роҳҳо ба тартиб дароварда шуд.

Дар ин ҳашарҳои дастаҷамъона хонандагони мактабҳои ноҳия иштироки фаъолона доштанд. Ҳамзамон дохили боғи фарҳангӣ фароғатии ноҳияи Шаҳритуз аз дарахтони хушкидаву садамавӣ тоза карда шуда, ҷойи онҳоро нарм ва барои шинонидани ниҳолҳои ороишиву ҳамешасабз ва гулҳои тару тоза омода гардонида шуд.

Қобили зикр аст, ки барои вақтхушии кӯдакон дар боғи мазкур аз тарафи  соҳибкорони хайрхоҳ дастгоҳҳои дилхушӣ насб карда мешаванд, ки барои кӯдакону наврасон тўҳфаи арзанда хоҳад буд.

Ҳамзамон ҳудуди назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз аз дарахтони хушкшудаву садамавӣ тоза ва дар ҷойҳои дарахтони тозагардида навниҳолони ҳамешасабз шинонида шуд.

Кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Шаҳритуз дар оянда низ баҳри амалӣ намудани корҳои ободониву созандагӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ ҳама имкониятҳояшонро истифода хоҳанд бурд.

Иловаи шарҳ