- Хабарҳо

Аксия бахшида ба санаи муҳими экологӣ — 5 июн

Бо ташаббуси Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд санаи 30 майи соли ҷорӣ бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист як қатор чорабиниҳо баргузор гардид. Яке аз онҳо ин аксияи тақдим кардани маводи пешгирикунанда аз касалии коронавирус COVID – 19 ба кормандони корхонаи ободонии шаҳри Хуҷанд, ки бо рӯбу чини кӯчаю хиёбонҳо машғул мебошанд. Аз ҷониби кормандони Раёсат, ки барои онҳо футболка ва кепка бо навиштаҷот омода гардида буд, дар кӯчаҳои шаҳрҳои Хуҷанд ва Гулистон ба занҳои рӯбандаи корхонаи хоҷагии манзилию коммуналӣ, кормандони хадамоти партовкашонӣ ва инчунин шаҳрвандони эҳтиёҷманд маводи пешгирӣ, аз он ҷумла ниқоб, дастпӯшаки резинӣ, маводи антисептикӣ ва варақаҳои иттилоотӣ оид ба қоидаҳои бехатарӣ тақдим карда шуд. Дар маҷмуъ, дар рафти аксия 1,5 ҳазор чунин мавод дастрас гардид.

Ҳамзамон, барои деҳқонони ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов, ки дар саҳро бо корҳои коркарди замини атрофи зироатҳои кишоварзӣ, шоликорию боғдорӣ машғул буданд 50 адад сарпӯши аз офтоб ва тӯри аз пашача эмин медошта тақдим карда шуд.

Иловаи шарҳ