- Обуҳавошиносӣ, Хабарҳо

«Тозагии соҳил» барои истироҳати доимии шаҳрвандон дар шаҳри Хуҷанд

Аз ҷониби шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд бо мақсади татбиқи нишондодҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ба роҳ мондани корҳои ободонию созандагӣ, беҳбуд бахшидан ба вазъи экологии маҳаллаҳо ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ дар мавзеи соҳили дарёи Сир иқдоми «Тозагии соҳил барои истироҳати доимии шаҳрвандон» гузаронида шуд. Аз ҷониби мутахасисон бо истифодаи дастгоҳҳои муосир алафҳои бегонаи соҳили рости дарёи Сир даравида шуд. Ҳамзамон  бо ҷалби техникаи муосир ва кӯмаки ширкати ватании «Сирдарё» дар соҳили чапи дарёи Сир корҳои тозакунии дарё амалӣ карда шуд.

Ҳадаф аз баргузории ин иқдом тозагӣ ва тароват бахшидан ба соҳили дарёи Сир, тақвият додани корҳои ободонӣ, ба талаботи санитарию экологӣ ҷавобгӯ намудан ва таъмини беҳдошти муҳити зист дар шаҳри Хуҷанд мебошад, ки дар ин росто аз тарафи кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр баҳри тоза нигоҳ доштани соҳили дарёи Сир ва дигар манбаъҳои обӣ ва пешгирии ифлосшавии онҳо бо аҳолӣ сӯҳбату вохӯриҳо гузаронида шуд.

Иловаи шарҳ