- Хабарҳо

Семинар дар маркази бозомӯзии ш. Гулистон

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ,  амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳои Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020 аз тарафи кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти ш. Гулистон дар маркази бозомӯзии ш. Гулистон бо иштироки кормандони хадамоти хоҷагии коммуналии шаҳр, раисони  маҳаллаҳо ва кормандони воситаҳои ахбори омма семинари бозомӯзӣ доир гардид. Дар рафти бозомӯзӣ кормандони бахш мақсад ва ҳадафҳои қабул гардидани Барномаи мазкур, рафти иҷрои талаботҳои он, масъалаҳои ҳифзи муҳити зист дар раванди рушди иқтисодӣ, эълон гардидани “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”, муомилот бо партовҳо зарурати рушди маърифати экологиро бо мақсади ноил шудан ба рушди устувор  мавриди баррасӣ  қарор доданд.

Аз тарафи иштирокчиёни семинар оид ба ҷой доштани муаммоҳои экологӣ дар самти муомилот бо партов ва  роҳҳои ҳалли он, масъалаи нигоҳдории  лампаҳои аз истифода баромада, ҳамчунин пешниҳоду дархостҳо нисбат ба беҳдошти муҳити зист ва баланд бардоштани маърифату дониши экологии аҳолӣ изҳори андеша намуда, ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Бахши ҳифзи муҳити зисти ш. Гулистон баргузории чунин вохӯриҳоро бо намояндагони дигари сохторҳо низ ба нақша гирифтааст.

Иловаи шарҳ