- Хабарҳо

Дар партави Паём

Ҷиҳати омӯзиши матни Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори маҷлисгоҳи Раёсати  ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд 7 январи соли равон вохӯрии кормандони мақомот бо вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Гулбаҳор Назирӣ ва Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ш. Хуҷанд  Маликисломӣ Наим Мунаввар доир гардид.

Зимни вохӯрӣ  вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ  оид ба самтҳои асосии Паёми имсола, дар бораи дастовардҳои соли сипаришуда, ки дар сафҳаҳои таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо воқеаҳои фараҳбахш  – таҷлили сазовори ҷашнҳои умумимиллӣ, ба истифода додани  иншооти бузурги аср — Нерӯгохи барқии обии Роғун, мавқеи сазовораш  гузошт,  сухан кард.

Ҳамзамон, ҷиҳати  расман оғоз гардидани раванди татбиқи ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон  Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», сиёсати хориљии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ворид шудани он ба марҳалаи нави рушд, эълон гардидани солҳои 2019 –2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»  мавриди таваљљуњи хоса ќарор дода шуд.

Ҳамчунин, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ш. Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар зикр кард, ки Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди ҳар як шаҳрванди кишвар, ки нисбат ба тақдири миллат бетараф нест, масъулияти бузургеро мегузорад ва моро лозим аст, ки барои расидан ба ҳадафҳои  асосӣ, ки дар Паём баён гардидаанд, аз ҷумла рушди ҳамаи соҳаҳо, таъмини фазои солими ҷомеа ва зиндагии шоистаи мардум тамоми имкониятҳоро васеъ истифода барем. Инчунин ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди фаъолиятро  беҳтару хубтар ба роҳ монда,  барои рушд ва сарсабзиву ободии кишварамон саҳмгузор бошем.

Иловаи шарҳ