- Муомилот бо партов, Хабарҳо

Партовгоҳҳо безарар гардонида мешаванд

Бо мақсади андешидани чораҳо ҷиҳати иҷро намудани Фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.04.2020 «Дар бораи таъсис додани ситод оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдошавии сирояти нави коронавируси COVID-19» ва иҷрои Қарори раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз 31.03.2020, № 103 безараргардонии нуқтаҳои партовҷамъкунӣ, шахтаҳои биноҳои баландошёна ва майдончаҳои варзишӣ сурат гирифт.

Бо мақсади таъмини ҳолати санитарию эпидемиологӣ, амнияти экологӣ ва мубориза ба муқобили касалии коронавирус COVID- 19 ба миқдори 637 адад нуқтаҳои партовҷамъкунӣ бо маводҳои хлордор безарар гардонида шуданд. Гузашта аз ин, баҳри эмин мондани кӯдакону наврасон ва ҷавонон ба касалиҳои сироятӣ 94 адад майдончаҳои варзишӣ бо истифода аз моеъи хлордор безарар гардонида шуд.

Мутобиқ ба иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 16 марти соли 2020, № 176 «Дар бораи таъсиси Комиссияи фавқулоддаи зиддиэпидемиявии шаҳри Душанбе» ва тибқи протоколи Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе корхонаҳои воҳиди давлатии партовкашони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ ва Шоҳмансур вазифадор карда шуданд, ки дар ин самт чораҳои зиддиэпидемикӣ андешида, бо назардошти вазъи мавҷуда партовҳоро сари вақт бароварда, пайваста дар нуқтаҳои партовҷамъкунӣ корҳои безараргардониро анҷом диҳанд.

Ҳамзамон аз ҷониби нозирони Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи ноҳияҳои пойтахт корҳои фаҳмондадиҳӣ байни аҳолии шаҳраку маҳаллаҳо, ҷиҳати риояи талаботи гигиенӣ дар кӯчаю ҷойҳои ҷамъиятӣ ва тибқи талаботи муқарраргардида дар вақту соати муайян ҷойгир намудани партов, тозагии гирду атрофи шаҳраку маҳаллаҳо ва риояи фарҳанги шаҳрнишинӣ, суҳбатҳо доир намуданд.

Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе бо назардошти вазъияти баамаломада ва хуруҷи бемории сироятии COVID-19 назорати давлатиро пурзӯр намуда, дар баробари андешидани чораҳои зиддиэпидемикӣ ҳамчунон баҳри таъмини қарорҳои амалкунандаи мақомоти болоӣ дар корхонаҳои воҳиди давлатии партовкашон ва корхонаҳои коммуналии ноҳияҳои шаҳри Душанбе тадбирҳои судмандро роҳандозӣ менамояд.

 

Раёсати ҳифзи муҳити зисти ш. Душанбе

Иловаи шарҳ