- Муомилот бо партов, Хабарҳо

Аксияи «Тозагии роҳ» дар шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода

Ҳафтаи равон дар шаҳри Турсунзода бо иштироки кормандони корхонаву ташкилот ва муассисаҳои шаҳр  аксияи «Тозагии роҳ» баргузор гардид.  Дар аксияи мазкур  беш аз 800 нафар сокинон иштирок карда, шафати шоҳроҳи Душанбе-Турсунзодаро аз партовҳои пластикӣ тоза намуданд. Ҷӯйборҳои атрофи шоҳроҳ  низ аз партовҳои пластикӣ  ва маишӣ тоза карда шуд. Дар чорабинӣ зиёда аз 3м3 партовҳо ба партовгоҳи асосии шаҳр интиқол дода шуд.

Ҳамзамон, минтақаҳои гулкорӣ аз алафҳои худрӯй, пурра тоза гардида, корҳои агротехникӣ бо назардошти риояи талаботи муосир ба роҳ монда шуд. Чунин аксияҳо дар ҷамоатҳои деҳот ва ҳудуди шаҳр ҳангоми мусоид омадани боду ҳаво идома хоҳад  ёфт.

Бо ронандагони нақлиёт вобаста ба риояи тартиботи ҳифзи муҳити зист ва маърифати экологӣ корҳои фаҳмонидадиҳӣ  гузаронида шуд.

Иловаи шарҳ